Абусулаймони Сиҷистонӣ

Абусулаймони Мантиқӣ (Муҳаммад ибни Тоҳир Ибни Баҳроми Сиҷистонӣ ; 912, Систон — 985, Бағдод) — олим, мантиқшинос ва файласуфи садаи X.

Абусулаймони Сиҷистонӣ
Таърихи таваллуд тақрибан 912[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 987[1][2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа

Зиндагинома

вироиш

Роҷеъ ба аҳволу осори ӯ шогирдонаш, аз ҷумла Абуҳайёни Тавҳидӣ ва Ибни Надим иттилоъ додаанд. Дар «Ал-Феҳрист» Ибни Надим дар ду маврид аз Абусулаймони Мантиқӣ ёд кардааст, вале таълимоти ӯ тавассути Абӯҳайёни Тавҳидӣ то ба рӯзгори мо омада расидааст. Абусулаймони Мантиқӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯзиши илми фиқҳ машғул буд.

Муҳимтарин асари Абусулаймони Мантиқӣ «Сивон-ул-ҳикмат» мебошад, ки манбаи муътабари арабӣ дар бораи олимон, файласуфон, табибон ва дигар шахсиятҳои барҷастаи Юнони бостон ва донишмандону мутафаккирони машҳури давраи исломӣ то садаи X мебошад. Асли ин китоб аз байн рафта ва он чӣ то ба рӯзгори мо расида, мунтахабе аз он мебошад, ки мураттиб ба он матолибе аз худ афзудааст. Аз он 4 дастнавис дар китобхонаҳои Туркия ва Британияи Кабир маҳфузанд. Осори дигари Абусулаймони Мантиқӣ «Мақола фи камол-ил-хос би навъи инсон», «Мақолот фи маротиби қувво-ул-инсон…», «Калом фи-л-мантиқ», «Рисола фи сиёсат», «Мақолот фи табиат-ил-аҷром-ил-улвия» ва ғайра мебошанд. Абусулаймони Мантиқӣ яке аз дурахшонтарин донишмандони аҳди аввали ислом буд. Дар фалсафа Абусулаймони Мантиқӣ равиши махсус дошт.

Дар боби ақлу ваҳй

вироиш

Зимни баррасии матолиби ақлу ваҳй Абусулаймони Мантиқӣ фикрҳои ҷолиберо баён намуда, аз ҷумла таъкид мекунад, ки динро бояд аз фалсафа ҷудо кард, зеро ақл чизе мебошад, ки ҳар кас ба андозаи тавоноии худ аз он баҳра меҷӯяд, аммо ваҳй нури ҳамаро фарогир аст. Аз ин рӯ, пайғамбар фаротар аз файласуф ва охирӣ фурӯтар аз паёмбар дар мартаба қарор доранд. Дар ин маврид файласуф бояд аз паёмбар пайравӣ кунад, зеро агар ақл кофӣ мебуд, ваҳйро суде набуд. Бардошти инсон аз ақл низ якнавохт нахоҳад буд. Аз тарафи дигар, Абусулаймони Мантиқӣ фалсафа ва арзиши онро рад намекунад ва миёни дину фалсафа чунин фарқ мегузорад: фалсафа ҳақ аст, аммо бо шариат сару кор надорад, шариат низ ҳақ аст, вале ба фалсафа эътиное надорад. Пас аз овардани дигар вижагиҳои дину фалсафа Абусулаймони Мантиқӣ ба чунин натиҷа мерасад: афроде, ки ба фалсафа машғул мешаванд, бояд назари худро аз динашон бигиранд ва ашхосе, ки ба дин шуғл меварзанд, бояд аз фалсафа суд ҷӯянд ва он чи аз шариат дар ақлу раъй дур менамояд, эътироз накунанд. Абусулаймони Мантиқӣ мутакаллимонро мавриди интиқод қарор медиҳад ва ошкоро баён месозад, ки онҳо барои дифои худ ва мавриди ҳамла қарор додани мухолифонаш даст ба лафзу ибҳомҳои беҳосилу бепоя мезананд ва гумон мекунанд, ки таълимоти динро аз ин тариқу равиши ситезгароёнаи худ ғанӣ мегардонанд. Назари Абусулаймони Мантиқӣ дар бораи худо аз он иборат аст, ки он «мавҷуд» аст ба маънии лафзии ин калима, зеро «мавҷуд» дар маънии луғавӣ (истилоҳӣ)-и он тақозои мартабаи «воҷид» мекунад, ки бояд болотар аз рутбаи «вуҷуд» бошад. Ақл дар идроки худо ва иҳотаи ӯ нотавон аст ва инсон бояд танҳо ба анният (ҳастӣ) ва ҳуввияти ӯ муътақид бошад. Ба фикри Абусулаймони Мантиқӣ, ваҳдонияти худо ташбеҳро қабул надорад ва касе, ки бо ақли солиму некӯи худ ва бо ихлоси тамом ишора ба зоти худо кунад, тавҳиди илоҳиро ба андозаи тавоноии худ дарк кардааст.

  1. 1.0 1.1 الفارابي (unspecified title) (араб.) / зери таҳрири ع. ب. مخلوف, тарҷумаи (not translated to ar)دار النشر سوي, 2007. — С. 15. — 239 с. — ISBN 978-2-02-048161-8
  2. https://archive.org/details/galerikitabkuningfiles2/book1/mode/2up — С. 11.
  3. various authors Encyclopedia of Medieval Philosophy / зери таҳрири H. LagerlundSpringer, Dordrecht, 2011. — С. 17. — doi:10.1007/978-1-4020-9729-4

Адабиёт

вироиш
  • Абусулаймони Сиҷистонӣ. «Сивон-ул-ҳикма», бо кӯшиши Абдураҳмон Бадавӣ, Т., 1973;
  • Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Т., 1372.