Абутайиби Мусъабӣ

Абутайиби Мусъабӣ Муҳаммад ибни Ҳотам (? – 938) — шоири форс-тоҷик. Абутайиб куния ва Мусъабӣ тахаллусаш мебошад.

Абутайиби Мусъабӣ
Номи пурра Абутайиби Мусъабӣ Муҳаммад ибни Ҳотам
Таърихи даргузашт: 938(0938)
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ - тоҷикӣ

ЗиндагиномаВироиш

Аз ишораҳову тавсифҳои сарчашмаҳои адабӣ (масоли, «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ) бармеояд, ки шахси донишманд, соҳибмаърифат ва сиёсатмадор будааст. Аз шеъри дар васфи Рӯдакӣ сурудааш маълум мешавад, ки бо ин шоир дӯстӣ ва рафоқат доштааст. Бо шахсияти дигари бонуфузи дарбори Сомониён – Балъамӣ низ дӯст буд. Ҳамроҳи вай корҳои вазорат ва рисолати амир Насри II-ро иҷро мекардааст. Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» меорад, ки Абутайиби Масъабӣ маъзул шудани Балъамӣ (907) ва ба ҷойи ӯ омадани вазир Абуалии Ҷайҳониро намехост. Боре ба фармони амир мухолифат кард ва ба қатл расид.

АшъорВироиш

Абутайиби Масъабӣ шоири қасидасаро буд. Ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Ашъори арабиаш дар «Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ оварда шудаанд. Байти зерин намунае аз шеъри ӯст:

Ҷаҳоно, ҳамоно фусунию бодӣ,
Ки бар кас напоию бо кас насозӣ.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш