Абушарафи Носеҳ ибни Зафар ибни Саъди Муншии Ҷурфодиқонӣ (форсӣ: ابوشرف ناصح جرفادقانی‎; садаи XII — садаи XIII) — таърихнигор, тарҷумон, нависанда ва шоири арабинависи эронитабор.

Абушарафи Носеҳ
Номи пурра Абушарафи Носеҳ ибни За фар ибни Саъди Муншии Ҷурфодқонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Ашъор

вироиш

Ашъори арабиаш дар маҷмӯаҳои «Равзат-ул-ҳузн» ва «Шӯълат-ул-қабис» фароҳам омадаанд. Дар тазкираи «Тӯҳфат-ул-офоқ фӣ маҳосини аҳл-ил-Ироқ» зиндагинома ва намунаи осори шоирону аҳли адаби Ироқи Аҷамро овардааст. Асари машҳури Абушарифи Носеҳ «Тарҷумаи Таърихи Яминӣ» аст, ки онро «Тарҷумаи Яминӣ» низ мегӯянд. «Таърихи Яминӣ» аслан моли таърихнигори форс-тоҷик Абунаср Муҳаммади Утбӣ (961 — байни 1035/40) аст, ки таърихи Ғазнавиён, инчунин воқеаҳои охири аҳди Сомониёнро низ фаро мегирифт. Абушарифи Носеҳ тарҷумаи худро соли 1206 анҷом додааст. Забони тарҷума маснӯъ, вале орӣ аз такаллуфот аст. Дар китобхонаҳои кишварҳои Шарқу Ғарб дастнависҳои ин асар маҳфузанд. Дар Теҳрон солҳои 1955 — 66 чоп шудааст. Асари Абушарифи Носеҳ бо тасвири воқеоти замони Сомониён оғоз ёфта, бо тасвири вазъи пурфоҷиаи кишвар, харобии бозори илму дониш ва қатлу ғорати баъзе ҳокимони салҷуқӣ (1186—1207) анҷом ёфтааст.

Адабиёт

вироиш