Абушуайби Ҳиравӣ
Абушуъайб Солеҳ ибни Муҳаммади Ҳиравӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 10).
Номи пурра | Абушуайб Солеҳ ибни Муҳаммади Ҳиравӣ |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 922 |
Таърихи даргузашт: | 1000 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Ашъор
вироишБино ба ишораи муаллифи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» Ризоқулихони Ҳидоят, фаъолияти адабии Абушуайб ба охирҳои зиндагии Рӯдакӣ рост меояд. Дар «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ аз ашъори ӯ як тағаззули қасида дарҷ ёфтааст. Дар фарҳангҳои қадима байтҳои ҷудогонаи ӯ ба сифати шоҳиди луғат оварда шудаанд, ки аксар ба ғазалу қасидаҳо нисбат доранд. Аз ашъори ӯ ҳамагӣ 14 байт дастрас гардидааст. Мазмуни аксари ин абёт ишқист. Намуна аз ашъораш:
- Силсилаҷаъде, бунафшаоразе,
- К-аш Фаридун афдару Парвиз ҷад…
- Гар бубахшад ҳусни худ бар зангиён
- Туркро бешак, зи занг ояд ҳасад…
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Авфӣ Муҳаммад, Лубоб-уд-албоб, Т., 1333 ҳ. ш.;
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.