Абуяъқуби Сиҷистонӣ
Абуяъқуби Сиҷистонӣ (форсӣ: ابویعغوب بن احمد سگزی; асри X — 970-ум ё тақрибан 971) — муаррих, мутакаллим ва донишманди исмоилии форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд | асри X |
---|---|
Таърихи даргузашт | 970-ум ё тақрибан 971 |
Кишвар |
Зиндагинома
вироишӮ дар байни ҳамзамонҳои худ Абулҳайсам Аҳмад Ҷурҷонӣ, Абусулаймони Сиҷистонӣ — муаллифи китоби «Савону-л-ҳикма», Қозӣ Нӯъмо ва дигар мақоми баланд ва обрӯи калон дошт. Сиҷистонӣ баъзан бо номи Сиҷзӣ, Сукро ҳам омадааст, ки Носири Хусрав дар асарҳои худ «Хону-л-ихвон»(соли 255) ва «Зоду-л-мусофирин» (соли 336) ӯро бо ҳамин номҳо ёдрас намудааст. Саҳми Абуяъқуби Сиҷистонӣ дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ ва таълимоти фалсафӣ — динии исмоилия аз тамоми пешгузаштагон бештар ба назар мерасад. ӯ аз шогирдони доъии исмоилиён Ҳамидуддини Кирмонӣ мебошад.
Асарҳо
вироишАсарҳои бисёр таълиф намудааст, ки муҳимтаринашон «Кашфу-л-маҳҷуб», «Тӯҳфату-л-мустаҷибин», «Китобу-н-нусрат», «Сулламу-н-наҷот», «Китобу-л-янобеъ», «Исботу-н-нубувват», «Ки-тобу-л-мақолид», «Китобу-л-ифтихор» мебошанд. Носири Хусрав дар «Хону-л-ихвон» чанд порчаи оид ба нафс навиштаи Абуяъқуби Сиҷистониро аз «Кашфу-л-маҳҷуб» овардааст. Дар ин асар бисёр масъалаҳои ҳастӣ-муносибати Холиқу махлуқ, таносуби модда ва сурат, ҷисму нафс, макон ва замон ва ғайра баррасӣ шудаанд. ӯ дар таълимоти фалсафиаш ибдоро дараҷаи баландтарин ва иллати нахустини пайдоиши олами моддӣ медонад. Ба фикри ӯ, Эзид бо роҳи ибдо берун аз макону замон бевосита Ақли аввалро офарида, сипас ба зинаҳои дигари ҳастӣ амр намудааст.
Абуяъқуби Сиҷистонӣ масъалаи қидамӣ ва беохири оламро дар макону замон эътироф карда, фанонопазирии табиатро собит намудааст. Дар ин бора ӯ навиштааст: «…мумкин нест, ки табиатро фасод андар ояд аз ҷиҳати зоти ӯ…». Вай «табоҳ гардидани табиат»-ро инкор намуда, қидами оламро дар зоту моҳияти худи олами ашёҳо пиндоштааст. ӯ муътақид буд, ки ҳангоми падид омадани ашёи табиӣ сурати ӯ низ бо моддаи ӯ баробар ба вуҷуд меояд. ӯ бо пешравӣ аз фалсафаи Аҳмади Насафӣ тамоюли навафлотуниро дар ислом идома додааст ва пайдоиши ҳастиро тибқи таълимоти навафлотуния ҳал намудааст. Ба фикри ӯ, нафси инсонӣ аз як тараф ба олами ақл ва аз тарафи дигар, бо набототу нафси ҳайвонӣ (ё ин ки табиат) робита дорад. Аз ин рӯ, нафс олами ашё, табиат, латоиф ва фазилати онро ба воситаи хавоси панҷгона дармеёбад. Дараҷаи баландтарини дарёфтани моҳияти ботинии олами ашёҳо хирад аст ва ин зинаи маърифат натиҷаи ягонагии онҳо мебошад. Мутафаккир масъалаи бақои нафсро аз назари динию идеалистӣ ҳал намуда, онро ба тавассути нафси нотиқа ба нафси кул пайваст мекунад. Афкори Абуяъқуби Сиҷистонӣ ба инкишофи таълимоти исмоилия дар асрҳои миёна мусоидат намудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абуяъқуби Сиҷистонӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Додихудоев Х., Очерки философии исмоилизма, Д., 1976, ҳамон муалл., Философия крестьянского бунта, Д., 1986;
- Волф П. Э. , Абуяқуби Сиҷистонӣ мутафаккирва доъии исмоилӣ. Тарҷумаи Фариддун Бадраӣ, Т., 1377.