Абуҳанифаи Динаварӣ
Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд ибни Вананди Динаварӣ (828, Динавар[d], Устони Кирмоншоҳ — 895[1]) — риёзидон, ҳайатшинос, набототшинос, файласуф, муаррих, адиб ва луғатшиноси маъруфи форс-тоҷик..
ар. أبو حنيفة الدِينَوَرِي | |
Таърихи таваллуд | 828 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 895[1] |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҷуғрофиё, гиёҳшиносӣ ва филология |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишБештари ҳаёт ва фаъолияти Абуҳанифаи Динаварӣ дар Динавар ва Исфаҳон гузаштааст. Дар Исфаҳон, аз мавзее, ки Абуҳанифаи Динаварӣ мушоҳидаҳои ситорашиносиро анҷом медод, дертар Абдурраҳмони Суфӣ дидан кардааст.
Осори илмӣ
вироишРисолаҳои зерини Абуҳанифаи Динаварӣ дар сарчашмаҳо вомехӯранд: «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» («Китоб дар ҷабру муқобала»), «Китоб ат-тахт фӣ ҳисоб-ул-ҳинд» («Китоб дар бораи тахта ва ҳисоби ҳиндӣ»), «Китоб ан-наводир-ил-ҷабр» («Китоб дар бораи нодириҳои алҷабр»), «Китоб-ул-васайа» («Китоби васият»), «Китоб-ул-ҳисоб-уд-давр» («Китоб дар бораи ҳисоби давра»), «Китоб-ул-кусуф» («Китоб дар бораи гирифти Офтоб»), «Китоб ал-азмина ва-л-амкина» («Китоб дар бораи замон ва макон»), «Китоб ун-набот» («Китоб дар бораи наботот»), «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол» («Китоб дар бораи ахбори дароз»). «Китоб-уш-шеър ва-ш-шуаро» ва «Китоб-ул-фасоҳат» аз ҷумлаи таълифоти адабии ӯст. Абуҳанифаи Динаварӣ дар асари бисёрҷилдаи худ «Китоб-ун-набот» миқдори зиёди ашъори шоирони арабро роҷеъ ба гиёҳҳо дохил кардааст. «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол»-и ӯ яке аз намунаҳои барҷастаи насри классикии араб буда, то замони мо пурра расидааст. Матни онро соли 1888 олими рус В. Ф. Гиргас дар Лейден ба табъ расонида буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Абуҳанифаи Динаварӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.