Абуҳафси Суғдӣ

Абуҳафси Суғдӣ (Абуҳафс Ҳаким ибни Аҳфас ; ? – 832) — шоир, луғатнавис ва мусиқишиноси форс-тоҷик.

Абуҳафси Суғдӣ
Номи пурра

Абуҳафс Ҳаким ибни Аҳфас

Санаи марг:

832(0832)

Навъи фаъолият:

шоир

ЗиндагиномаВироиш

Дар «Ал-Мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, рисолаи дар илми мусиқӣ нигоштаи Абунасри Форобӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ва ғайра Абуҳафси Суғдӣ чун нахустин шоир дар адабиёти форс-тоҷик, луғатшинос ва мусиқишинос ёд шудааст.

Осори боқимондаВироиш

Аз осори бадеиаш то ҳол 2 байт дастрас гардидааст:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Чун надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо.
Бӯсу назарам ҷамол бошад бо ёр,
Ин фатво (ман) гирифтаам аз гургар.

Асари дар луғат таълифшудаи Абуҳафси Суғдӣ фарҳанги тафсири форсии дарӣ будааст, ки то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Вале дар осори луғатнигорӣ (лексикографӣ)-и баъди асри 10 ба ин асар ишораҳои зиёде мавҷуданд. Дар илм он «Фарҳанги Абуҳафс» ё «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» ном гирифтааст. Абуҳафси Суғдӣ мусиқидон низ будааст. Асбоби мусиқӣ – шоҳруд аз ихтирооти ӯ мебошад.

АдабиётВироиш

  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958;
  • Афсаҳзод А., Одамушшуаро Рӯдакӣ, Д., 2003;
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007;
  • Аҳвол ва ашъори шоирони бедевони қарнҳои 3 – 5 ҳ. қ., Т., 1370 ҳ. ш.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш