«Абҳари Куҳан», 1) — номи оҳанг, нағма ва пардаи мусиқии қадимии мавсимӣ – маросимии наврӯзӣ буда, ба муносибати фарорасии Наврӯз ва тантанаи ҷашнгирии он эҷод шудааст. Абҳари куҳан аз силсилаи тарона ва оҳангҳои «Хусравониёт»-и Борбад буда, ба силсилаи дуюми он тааллуқ дорад ва бештар ба қисмҳои тараннумию тавсифии осори ӯ мансуб аст. Баъзе мусиқишиносон Абхозҳо Абҳари Куҳанро чун асар, яке аз лаҳнҳои хосаи сигонаи Борбад донистаанд; 2) гӯшаи хурди тараннумӣ дар дохили «Ҳаштмақом» (асрҳои 12 – 13); 3) қисми созию овозӣ дар «Дувоздаҳмақом» (асрҳои 13 – 14). Абҳари Куҳан дар адабиёти бадеӣ, фарҳанг ва ашъори классикони форсу тоҷик чун қисми созию овозӣ тавсиф шуда бошад ҳам, минбаъд дар мусиқии халқӣ ва касбии тоҷик аз байн рафтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Раҷабов А., Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV – VII, Д., 2011.

Сарчашма

вироиш