Абӯалӣ Давлатов
Абӯалӣ Давлатов (тав. 19.06.1939, деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим), физик, номзади илмҳои педагогӣ (1990), дотсент (1992).
Абӯалӣ Давлатов | |
Таърихи таваллуд | 19 июн 1939 (85 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ишкошим, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1959– 1964 дар факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1970–1971 лаборанти калони кафедраи физикаи назариявӣ, 1971–1974 ассистенти кафедраи физикаи умумӣ, 1974–1986 ассистенти кафедраи методикаи таълими физика, 1986–1992 муаллими калони кафедраи номбурдаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1992 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Солҳои 1975–1979 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи донишкадаи омӯзгории пойтахт таҳсил намудааст. Ҳамзамон, солҳои 1995–1997 муовини декани факултети физикаи донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба корҳои таълим буд. Оид ба методикаи истифодаи масъалаҳои тартибдодаи хонандагон дар раванди омӯзиши физика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 51 номгӯи корҳои илмию методӣ мебошад, ки 6 номгӯи онҳоро воситаҳои методӣ ташкил медиҳанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996) сарфароз шудааст.
Осор
вироиш- Тартиб додани масъалаҳо ҳамчун методи таълим ва инкишофи тафаккури хонандагон дар ҷараёни машғулиятҳо // Проблемаҳои актуалии таҳсилот дар муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус ва миёна (Маводи конференсияи илмию амалӣ), Д., 2009.