Абӯбакр Зубайдов (1 июли 1958, ноҳияи Панҷакент — 15 майи 2020, ноҳияи Панҷакент) — сароянда, мутриб-таронасаро, номзади илмҳои таърих (2005). Барандаи ҷоизаи фестивал-конкурси телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-96» (1996), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).

Абӯбакр Зубайдов
Таърихи таваллуд 1 июл 1958(1958-07-01)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент
Таърихи даргузашт 15 май 2020(2020-05-15) (61 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Унвонҳои илмӣ дотсент

Зиндагинома

вироиш

Абӯбакр Зубайдов баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (1975) таҳсилро дар шуъбаи суруд ва мусиқии факултаи корҳои маданию фароғатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1975—1979) идома дода, онро бо дипломи имтиёзнок хатм намудааст. Дар институти зикршуда ба сифати омӯзгор (1979) ба кор монд. Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгор (1979—1988), омӯзгори калон (1988-93), мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (1993—1998), мудири кафедраи «Тарбияи мусиқӣ» (1998—2003), мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (2004—2006), декани факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ (2006 — то имрӯз), дотсент (2006) хидмат намуда, зимни ин дар тарғибу иҷрои осори мусиқии мардумӣ, махсусан мақомӣ корҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Ӯ то даргузашташ муовиини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд. Абӯбакр Зубайдов дар мавзӯъи: «Таърихи фаъолияти ҳунармандони Тоҷикистон дар солҳои 30 — 80 — уми асри XX» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Абӯбакр Зубайдов шоха, гӯшаҳои мусиқии устодона «Кӯчабоғи ду», «Талқини Бухоро», «Қашқарчаи талқини Бухоро», «Уфари Талқини Бухоро» ва сурудҳои зиёдро бо сабки хосаиҷро намуда, дар хазинаи тилоии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабт намудааст.[1] Муаллифи зиёда аз 20-мақолаҳои таҳқиқӣ оид ба анъаноти эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик аст.[2]

Абӯбакр Зубайдов инчунин дар тарбияи насли иҷрогарони ҷавони мусиқии мардумию устодона саҳми хоса гузошта, шогирдонаш имрӯз дар дастаҳои ҳунарии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунарварӣ менамоянд.

Пайвандҳо

вироиш
  • Ёдбуди Абӯбакр Зубайдов – сароянда, навозанда ва олиме, ки қурбони COVID-19 шуд [2]
  • Абӯбакр Зубайдов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). — Душанбе, 2015. — 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 77 ISBN 978-99947-49-13-3
  2. 2.0 2.1 Ёдбуди Абӯбакр Зубайдов – сароянда, навозанда ва олиме, ки қурбони COVID-19 шуд(тоҷ.). www.pressa.tj. 18 апрели 2019 санҷида шуд.