Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

«Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» — муассисаии илмию пажӯҳишии тобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
Соли таъсис 8 апрели 1997
Директор Абдулфаттоҳ Аминзода (аз 2022)
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734018, хиёбони Неъмат Қаробоев, 17
Сайт pitfi.tj

Таърихи таъсис

вироиш

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели 1997, № 2/22 дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ таъсис шудааст. Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 дар системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда[1], инчунин шомили Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Вазифаҳо

вироиш

Баъд аз таъсисёбӣ, тибқи Оиннома, ба зиммаи ПИТФИ иҷрои чунин вазифаҳо вогузор карда шудаст[2]:

  • таҳқиқи самтҳои муҳимтарини бунёдӣ дар соҳаи фарҳанг ва ба даст овардани натиҷаҳои илмие, ки барои рушди фарҳанг аҳамияти муҳим дошта, ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа мусоидат менамоянд;
  • таҳияи тавсияҳои илмӣ барои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар ва иттилоот;
  • омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ дар соҳаи фарҳанг ва иттилоот, мусоидат барои истифодаи мукаммали онҳо;
  • таҳияи пешниҳодот, нақшаҳои дурнамо, консепсия, барнома ва лоиҳаҳои илмӣ оид ба рушди самтҳои мухталифи соҳаҳои фарҳанг ва иттилоот;
  • тарбияи кадрҳои илмии дорои ихтисоси фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқишиносӣ, театршиносӣ, сиркшиносӣ, китобшиносӣ, китобхона-шиносӣ, библиографияшиносӣ, осорхонашиносӣ бостоншиносӣ, бойгонишиносӣ, мардумшиносӣ, фароғатшиносӣ ва барои дарёфти унвонҳо ва дараҷаҳои илмӣ;
  • таълим ва тайёр намудани магистрантҳо, унвонҷӯён, аспирантҳо, докторантҳои ватанию хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳангу ҳунар ва иттилоот;
  • гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • такмили шаклҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ.

Сохтор

вироиш

Маъмурият, шуъбаҳо:

  • таърих ва назарияи фарҳангшиносӣ
  • санъатшиносӣ
  • фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ
  • китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ
  • эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилию методӣ
  • воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр
  • муассисаҳои таълимӣ

Фаъолият

вироиш

Фаъолияти пажӯҳишгоҳ дар шакли таҳқиқотҳои илмӣ, корҳои методӣ, омӯзишҳои иҷтимоӣ ва ташкили чорабиниҳои илмӣ ба роҳ монда мешавад. Олимону муҳаққиқони соҳа аз ҷумла Низом Нурҷонов, Абдураҳим Раҳимов, Аскаралӣ Раҷабзода, Сафар Сулаймонӣ, Қурбон Хоҷаев, Мурод Муродӣ, Қурбоналӣ Бӯризода, Шариф Комилзода, Қурбон Ғуломзода, Абӯбакр Зубайдов, Абдувалӣ Абдурашидов, Дилшод Раҳимӣ, Абдулфаттоҳ Аминзода, Шӯҳрат Саъдиев, Меҳроб Ҷумъаев ва чанде дигар олимон дар ин муассиса кору фаъолият кардаанду мекунанд.

Аз ҷониби гурӯҳи муҳақиқони пажӯҳтшгоҳ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» тартиб дода шудааст[3], ки барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, инвентаризатсияи унсурҳо, таҳқиқоти илмӣ, таҳияи номинатсияҳо ҷиҳати пешниҳод кардан ба рӯйхатҳои ЮНЕСКО, таблиғу густариши намунаҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ нақши муассире дорад.

Нашрияи илмӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Паёмномаи фарҳанг

Нашрияи илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот «Паёмномаи фарҳанг» мебошад, ки дар асоси иҷозатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2012 фаъолият мекунад. Маҷалла ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.11.2020, № 222 ворид гардидааст. Мақолаҳои маҷалла аз рӯи тадқиқоти комплексии пажӯҳишгоҳ «Фарҳанг, санъат, туризм, маориф, идоракунӣ ва иқтисоди соҳаи фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги ғайримоддӣ ва фароғат» нашр карда мешаванд.

Роҳбарон

вироиш
  1. Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmih.tj. ADLIA. 27 феврали 2025 санҷида шуд.
  2. Дар бораи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.pitfi.tj. ПИТФИ. 27 феврали 2025 санҷида шуд.
  3. Дилшод Раҳимӣ. Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. www.pitfi.tj. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (2023). 27 феврали 2025 санҷида шуд.
  4. Аминов Абдулфаттоҳ Ҳакимович // А — Б. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2018—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99985-0-014-3.