Абуҳафс Ҳаким писари Аҳваси Суғдӣ (форсӣ: ابوحَفص حکیم پسر احوص سُغدی‎ — ; ? — 832) — луғатнавис ва мусиқидон ва аз аввалин шоирони порсӣгӯи форс-тоҷик.

Абуҳафси Суғдӣ
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, мусиқидон
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар «Ал-Муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, рисолаи дар илми мусиқӣ нигоштаи Абунасри Форобӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ва ғайра Абуҳафси Суғдӣ чун нахустин шоир дар адабиёти форс-тоҷик, луғатшинос ва мусиқидон ёд шудааст.

Осори боқимонда

вироиш

Аз осори бадеиаш то ҳол 2 байт дастрас гардидааст:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Чун надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо.

Бӯсу назарам ҷамол бошад бо ёр,
Ин фатво (ман) гирифтаам аз гургар.

Асари дар луғат таълифшудаи Абуҳафси Суғдӣ фарҳанги тафсири форсии дарӣ будааст, ки то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Вале дар осори луғатнигорӣ (лексикографӣ)-и баъди садаи X ба ин асар ишораҳои зиёде мавҷуданд. Дар илм он «Фарҳанги Абуҳафс» ё «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» ном гирифтааст. Абуҳафси Суғдӣ мусиқидон низ будааст. Асбоби мусиқӣ — шоҳрӯд аз ихтироъоти ӯ мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958;
  • Афсаҳзод А., Одамушшуаро Рӯдакӣ, Д., 2003;
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007;
  • Аҳвол ва ашъори шоирони бедевони қарнҳои 3 — 5 ҳ. қ., Т., 1370 ҳ. ш.

Сарчашма

вироиш