Аваз
Аваз — қаҳрамони марказии ҳамосаи «Гӯрғулӣ», писархонди Гӯрғулӣ.
Аваз бузургтарин паҳлавони эпос мебошад, ки аксари гӯрғулихонҳо ӯро баробар бо Рустами Дастон медонанд ва сифати «соҳибқирон»-ро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ҷангу паҳлавонӣ ва корнамоиҳои ӯ қаҳрамониҳои Рустамро ба хотир меоранд. Дар версияҳои туркию қафқозӣ номи ӯ дар шаклҳои «Айваз», «Овиз» ва «Овез» дучор омада, персонажи муқаррарӣ аст ва ҳеч паҳлавоние аз ӯ зоҳир намешавад. Дар эпоси тоҷикӣ, Аваз писари Карим - қассоби Хуросонӣ аст, ки Гӯрғулии бефарзанд ӯро ба писархондӣ қабул мекунад. Дар баъзе вариантҳои тоҷикӣ, Аваз писари Гӯрғулӣ низ шумурда шудааст.
Аваз дили софу раҳмгин ва инсонпарвар дорад. Хислату мардонагии ӯро дида душманон тан медиҳанд ва офаринаш мехонанд. Аваз ба ҳар паҳлавоне, ки дар набарди ӯ шикаст хӯрду афтод ва зинҳор хост, амон медиҳад. Аз гуноҳи душманон мегузарад, бо душманони мағлубаш ёр мешавад, ба онҳо инъом медиҳад. Авази тоҷик ба мисли шоҳону паҳлавонҳои анъанавии ҳамосаҳои эронӣ якчанд ҳамсар дорад, аммо зани асосиаш Гулоим мебошад. Дар достонҳо аз занҳои дигари ӯ – Заррина, Гулхиромон ва Қаракӯз низ ёд мешавад, ки ҳар кадом бо сифатҳои зебоӣ ва паҳлавонӣ тасвирҳои мутавофит доранд.
Аваз ду духтар – Гуланору Гулхумор ва ду писар: Нуралӣ ва Шералӣ дорад. Писарони Аваз ҳам мисли худаш ҷасуру диловар, ҳақиқатҷӯю ватандӯстанд. Духтараш Гулинор низ аз бародаронаш камӣ надорад. Ба муқобили беадолатиҳо мубориза мебарад, агар лозим шавад, либосу хафтони ҷангӣ пӯшида, ба даст шамшеру гурзу камон гирифта, бо душманон мардонавор меҷангад. Тасвири корнамоиҳои ӯ ба қаҳрамондухтари ҳамосаҳои эронӣ, аз қабили Гурдофариду Мардондухт ва малика Бӯрондухт монанд мебошад.
Дар вариантҳои гӯрғулисароён Ҳикмат Ризо, Қ. Раҷаб, О. Шакар, Ҳ. Кабуд ҷойи зисти А. Балхувон ё Балхубон гуфта шудааст, ки он дар наздикии шаҳри Чамбул ҷойгир мебошад. Ҳар вақте ки душман ба Чамбул ҳамла меорад, Гӯрғулӣ - султон одам фиристода, Авазро барои дифоъ аз душманон ба ёрӣ даъват мекунад. Аваз бо писаронаш зуд ба пойтахт омада, душманонро аз Чамбул дур мекунанд. Аваз ҳамеша ғамхору мададгори мардуми бенаво аст. Ӯ пеш аз ҷанг эълон мекунад, ки бар зидди ҳокиму мансабдорони золим меҷангад, на ба муқобили мардуми одӣ. Ҳар золимеро, ки мағлуб кард, молу манолашро ба камбағалу бечора медиҳад, зиндониёнро озод месозад. А. симои таҷассуми ормону орзуҳои халқи ҷафокаш мебошад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М)./Д. Раҳимов. — Душанбе, 2015. — 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8
Адабиёт
вироиш- Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб, Д., 1963;
- Муродов Ф. Воситаҳои тасвири бадеӣ дар ҳамосаи «Гӯрӯғлӣ», Д., 2006.
Сарчашма
вироиш- Аваз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.