Авазмуҳаммади Мусаввир
Авазмуҳаммади Мусаввир (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва шоири тоҷик (асри 19). Авазмуҳаммади Мусаввир дар Хуҷанд дар оилаи шахси фозилу донишманд Ҳоҷӣ Муҳаммад Лисонии Хуҷандӣ таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро низ аз падар гирифтааст. Баъдтар, ҳангоме ки падараш мударриси мадрасаи Кӯкалтош (Бухоро) мешавад, Авазмуҳаммади таҳсилашро дар ин мадраса идома медиҳад. Баъди хатми таҳсил ба Хуҷанд баргашта, дар мадрасаи Намозгоҳи зодгоҳаш мударрисӣ кардааст. Фанҳои давраш ва инчунин навъҳои хатти арабиро ба шогирдонаш омӯхтааст. Дар баробари таълим дар мадраса Авазмуҳаммади Мусаввир чандин девони ашъори шуарои пешин ва муосирашро бо хатти зебову хоно китобат намудааст. Масалан, ду девони Нозил ва як девони ашъори Ғании Кашмирӣ, ки ӯ китобат кардааст, дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақамҳои 505/11 маҳфузанд. Як нусхаи девони Нозил таҳти рақами 1033 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ маҳфуз аст (С.Султонов).
Авазмуҳаммади Мусаввир | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Авазмуҳаммад |
Тахаллусҳо: | Мусаввир |
Зодгоҳ: | шаҳри Хуҷанд |
Маҳалли даргузашт: | Хуҷанд, Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, мусаввир |
Солҳои эҷод: | садаи XIX |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Сарчашма
вироишЭнсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди I (А – АСОС)|| 2012 || ЭМТ. Ҷилди I Бойгонӣ шудааст 27 марти 2017 сол.