Авангард
Авангард (фр. avant-пешопеш ва grade-посбон) — мақоми ҳифозатӣ дар қушунҳои хушкигард ва флот, ки ҳангоми юриш барои муҳофизати онҳо пешопеши қувваҳои асосӣ ҳаракат мекунад.

«Дар авангард», расми Карл Пиппих (Karl Pippich), наздики соли 1910
МақсадВироиш
Мақсади авангард роҳ надодан баҳамлаи ногаҳонии душман ба қувваҳои асосӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои омода шудан ба ҷанг, инчунин бартараф намудани монеаҳо дар самти ҳаракати қӯшун мебошад. Ҷудокунии қувваю воситањо дар ҳайати авангард ва дуршавии он аз қувваи асосӣ ба вазъият ва вазифаҳои пешгузошта вобаста аст.
АдабиётВироиш
СарчашмаВироиш
Авангард // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2020.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |