Авансена
Авансена (франс. Avant-seene), қисми пеши саҳна, ки қабл аз пардаи антрактӣ воқеъ аст. Фарохии бари Авансена баробари пештоқи арки саҳна буда, умқи он аз чорчӯба (рамка) то хати сурхи саҳна (то пардаи антрактӣ) мерасад. Авансена таҳти саҳнаро васеъ мегардонад, ки ин барои саҳнаи хурд омили муҳим аст. Дар намоишҳои драмавӣ, опера, балет ва ғ. қисмати пеши парда ё худ Авансена то иваз шудани декоратсия ва таҷҳизоти дигари пасипардавӣ чун ҷойи бозии артистон истифода мешавад. Дар асарҳои драмавӣ қисмати пеши парда баъзан вазифаи саҳнаро иҷро мекунад. Режиссёр, одатан, барои ба тамошобинон наздиктар овардани саҳна ва васеътар намудани андозаи он аз Авансена истифода мебарад. Дар Авансена аз ду тарафи пештоқ барои ороиши саҳна ва тақвияти ғояи асар декоратсияҳо гузошта мешаванд.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.