Авво
Авво (ар. العواء — уллоскашанда, аккосзананда; лот. Boötes аз юн. Βοώτης) — бурҷ дар Нимкураи шимолии осмон, номи манзили сездаҳум аз бисту ҳафт манозили Моҳ.
Номи шакли панҷум аз бисту як ашколи шимолӣ, ба сурати марди истода, ба дасти рост асо ва ба дасти чап дос гирифта, ки Ҳорис-ус-само низ меноманд. Дар Бобулистони Қадим Авворо «чӯпони вафодори ҳаво», Юнони Қадим «посбони хирс» (Арктурус, Арктофилакс) ё «Барзгар» меномиданд. Авворо тамоми тобистон мушоҳида кардан мумкин аст.
Масоҳати Авво дар осмон 906,8 градуси квадратӣ буда, 149 ситораи мушоҳидашавандаро дар бар мегирад. Ситораи муниртарини Авво Симоки Ромеҳ (Арктур) аст, ки дар осмон 30° ҷанубии «думи» Дубби Акбар воқеъ гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Авво // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.