Августингароӣ — як равияи схоластикаи асрҳои миёна мебошад, ки бо нуфузи ғояҳои Августин алоқаманд аст. Таваҷҷуҳи августингароӣ ба Афлотуну навафлотуния бештар аст; Августингароӣ то садаи XII равияи ягонаи ҳукмрон буд: ба он танҳо пантеизми Иоан Скотт Эриуген, номинализми Ростселину Абеляр ва таълимоти ифротии бидъатомез муқобил буданд. Дар садаи XIII ақидаҳои арастуӣ, пеш аз ҳама томизм доираи фаъолияти августингароиро маҳдуд мекунад.

Сарчашма

вироиш