Август Бебел
Фердина́нд А́вгуст Бе́бел (олмонӣ: Ferdinand August Bebel; 22 феврал 1840, Кёлн — 13 августи 1913, Курвалден, Швейсария) — ходими сиёсӣ ва яке аз асосгузорони сотсиал-демократияи Олмон.
олмонӣ: August Bebel | |
Таърихи таваллуд | 22 феврал 1840[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 13 август 1913[1][4][5][…] (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор, нависанда, turner |
Ҳамсар | Julie Bebel[d] |
Фарзанд | Bertha Friederike Bebel[d] |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАвгуст Бебел дар оилаи низомии Пруссия таваллуд ёфтааст. Аз с. 1860 дар шаҳри Лейпсиг зиндагӣ дошт ва дар фаъолияти маорифпарварии ҷамъияти коргарон фаъолият мекард. Соли 1866 бо ҳамроҳии Вилгелм Либкнехт Ҳизби халқии радикалӣ-демократии Саксонияро таъсис дод. Баъди як сол Бебелро раиси Шӯрои иттифоқҳои коргарӣ интихоб намуданд ва дар ин айём ӯ бо Интернатсионали I робита барқарор намуд. Баъд аз он, ки дар сафи демократҳо ҷудоиҳо (либералҳо, буржуазҳо) ба амал омаданд, иттифоқҳои боқимонда ва Ҳизби халқии Саксония с. 1869 дар ҳизби коргарии сотсиал-демократӣ муттаҳид гардиданд. Дек. 1870 Б. ҳабс шуд, лекин марти 1871 баъди интихоб шудан ба рейхстаг озод гардид. Тарафдори Коммунаи Париж буд. Соли 1875 якҷо бо Либкнехт ҳизби ташкилкардаи сотсиал-демократии коргариро бо тарафдорони Ф. Лассал ба ҳизби ягонаи сотсиал-демократӣ муттаҳид намуд. Ӯ усулҳои муборизаи синфӣ ва интернатсионализми пролетариро таъкид мекард. Дар қабули Барномаи дуюми Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (1891) нақши муҳим дошт. Бебел корманди пешбари рӯзномаи ҳизбии «Форверст» буд. Соли 1884 рисолаеро бо номи «Давраи мадании муҳаммадии арабӣ» (Магометанско-арабский культурный период) чоп кард. Он то давраи Империяи Усмонии садаи 16-ро дар бар мегирад. Ҳоло асари мазкурро ҳамчун нутқи рӯзмарраи ҳимояи сулҳи байни тамаддунҳои гуногун баррасӣ менамоянд. Китоби ӯ «Зан ва сотсиализм» (1883) ба чандин забон, аз ҷумла ба забони русӣ тарҷума шудаст. Яке аз майдонҳои марказии Берлин номи Бебелро гирифтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ В. В—в Бебель, Фердинанд-Август (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. III. — С. 252—253.
- ↑ J. W. He. Bebel, Ferdinand August (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 3. — P. 601.
- ↑ Matthias E. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ Бебель Август // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Бебел / М. Ҳазратқулов, Г. Зокиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Овчаренко Н. Е., А. Бебель. Краткий очерк жизни и деятельности. М., 1963.