Авизо
Авизо (италявӣ avviso) – дар амалияи бонкӣ, тиҷоратӣ ва бозоргонӣ – ёддошт, огоҳномаи расмӣ оид ба интиқоли пул, мол ва ғайра барои амалиёти ҳисоббаробаркунӣ; пардохт кардан ё рад намудани пардохт. Бонкҳо ба тавассути авизо муштариёни худро оид ба қарзи дебиторӣ, амалиёти дахлу харҷ дар ҳисобдорӣ, бақияи маблағ дар суратҳисобҳо, пардохти интиқолҳо, кушодани аккредитивҳо ва ғайра огоҳ мекунанд. Авизо дар шакли варақаҳои махсус, ки дар онҳо рақам, сана, намуди амалиёти гузаронидашуда, маблағ ва рақами суратҳисоб, ном ва суроғаи ташкилоти интиқолдиҳанда ва ғайра сабт гардидааст, тартиб дода мешавад. Нусхаи супоришномаи пардохт, хазинабарги ёддоштӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ ба сифати авизо хидмат карда метавонанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.