Авитаминоз
Авитамино́з — бемориест, ки ба сабаби дар организм нарасидан ё набудани витаминҳо ба вуҷуд меояд.
Авитаминоз | |
---|---|
Ихтисос | Endocrinology |
МКБ-10 | E50-E56 |
---|---|
МКБ-9 | 264-269 |
eMedicine | / |
MeSH | D001361 |
Намудҳои авитаминоз
вироишАвитаминоз экзогенӣ ва эндогенӣ мешавад. Авитаминози экзогенӣ зимни истеъмоли хӯрокҳои беғизо ба вуҷуд меояд. Сабаби авитаминози эндогенӣ асосан бемориҳои сироятӣ мебошанд, ки ҳазми витаминҳоро дар организм халалдор месозанд. Норасоии витамин хусусан ба занҳои ҳомила, кӯдакон ва ашхосе, ки ягон бемориро аз сар гузарондаанд, зиён дорад.
Нишонаҳои ин беморӣ
вироишАвитаминози авитаминоз бемории музмин буда, аз нарасидани витамини авитаминоз дар организм ба вуҷуд меояд. Ҳангоми он мубодилаи моддаҳо вайрон, сабзиш ва муқобилати организм ба бемориҳои сироятӣ суст гашта, пардаи пилки чашм, луобпардаҳои аъзои ҳозима, роҳи нафас ва узвҳои ҷинсию шоша дурушт мешаванд. Дар мавриди авитаминози авитаминоз одам шабкӯр шуда, аз чашм об, баъзан фасод меравад, милки дандонҳо варам мекунанд. Асабҳо ихтилол ёфта (ташаннуҷ, калавидан, фалаҷи ягон аъзо ва ғайра), дар рӯи забон ва ҳалқҳалолати зарди сафедтоб пайдо мешавад.
Нишонаи бемории аветаминози В,С,D дар организм
вироишАвитаминози В натиҷаи нарасидан ё набудани витаминҳои гурӯҳи В (В1, В2, В6, В12, РР ва ғайра) буда, боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо, камхунӣ, осеб ёфтани пӯст, ихтилоли фаъолияти дилу асаб мегардад. Ҳангоми дар организм набудани витамини В1 дар хуну бофта кислотаи пироангур ғун гашта, сабаби ихтилоли асаб (ташаннуҷ, фалаҷ ва ғайра) мегардад. Аз норасоии витамини В2 (рибофлавин) дерматит, илтиҳоби рӯда, рӯшноитарсӣ ва аз норасоии витамини РР дарди ниқрис ба вуҷуд меояд. Набудани кислотаи фолиеат ва витамини В12 ба камхунӣ оварда мерасонад. Авитаминози С натиҷаи норасоии витамини мазкур дар хӯрок ё ҳангоми амрози аъзои ҳозима дар организм бад ҳазм шудани ин витамин мебошад. Дар мавриди он бемор аз иштиҳо монда, милки дандонҳо варам мекунад, организм заиф мешавад, набз ва нафаскашӣ меафзояд. Авитаминози D аксар аз норасоии витамини D ё провитаминҳои он рух медиҳад. Ҳангоми ин беморӣ дар организм таносуби мӯътадили калсий ва фосфор халал меёбад.
Роҳҳои пешгирии ин беморӣ
вироишМасъалаи пешгирии авитаминоз бо тарзҳои гуногун ҳал карда мешавад. Дар коллективҳои бачагона ба хӯрок (одатан ба шир)-и кӯдакони то 3-сола ретинол, кислотаи аскорбинат ва витамини D илова менамоянд. Истеъмоли ғизои ҳархела низ тадбири асосии пешгирии авитаминоз мебошад; инчунин риоя намудани қоидаҳои нигаҳдории озуқаворӣ ва пухтупази он низ муҳим аст. Витаминҳоро бо тавсияи духтур истифода бояд бурд. Бидуни таъйиноти духтур истеъмол намудани онҳо ба ҷойи фоида зарар меоварад (нигар Гипервитаминозҳо).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Авитаминоз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.