Авитрол — як навъ моддаи химиявӣ, аз кристаллҳои сафед иборат аст. Ҳангоми бо амиди натрий то 110°С гарм кардани пиридин дар баробари 2 – аминопиридин бо миқдори хеле кам ҳосил мешавад. Онро аз пиридин – N – оксид низ ҳосил кардан мумкин аст. Авитролро дар шакли консентрати эмулсияи 25-фоиза ва хокаи намкаши 50-фоиза истеҳсол мекунанд. Барои рамондани парандаҳо бо ва дигар моддаҳои мувофиқ омехта карда ба зироат мепошанд.

Сарчашма

вироиш