Авиценна (ҷамъияти саҳҳоми)
«Авиценна»— ҷамъияти саҳҳомии кушода дар ноҳияи Ҳисор.
Соли таъсис
вироишМоҳи майи 1997 таъсис ёфтааст.
Истеъҳсолоти корхона
вироишФаъолияти корхона дар аввал танҳо ба истеҳсоли обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан равона гашта буд. Он 6 намуд маҳсулот истеҳсол мекард ва 35 нафар коргар дошт. Феълан дар «авиценна» 16 намуд маҳсулот истеҳсол мекунанд: оби минералии «Шоҳамбарӣ», обҳои нӯшокии «Авиценна» ва «Кристалл», нӯшокиҳои ташнашикани «Буратино», «Олуча», «Тархун», «Кола», оби нӯшокии бегази «авиценна», афшураҳои «Анор», «Смородина», «Шафтолу», «Мултифрут», шароби «Кристалл», «Столичный» ва ғайра Дар «авиценна» 182 нафар фаъолият доранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.