Авлиёхони Ӯротеппаӣ

Авлиёхони Ӯротеппаӣ (қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик.

Авлиёхони Ӯротеппаӣ
Навъи фаъолият: нависанда

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш Ӯротеппа. Авлиёхони дар навиштани 7 навъи хат устоди беназир буд. Чунончи, ба муносибати китобати «Куллиёт»-и Бедил шоири маъруфи давр Нодими Истаравшанӣ чунин қитъаи таърих гуфтааст:

Авлиёхон соҳиби иззу шараф,
Ҷомеъулфазлу саодатинтибод.
Дар китобат ҳиммати олӣ намуд
Солу моҳу ҳафта, рӯзи беҳисоб…
Турфа девон аст аз Бедил тамом,
Нутқи мавзун, маънияш луб-ул-лубоб…

Ҳамчунин китобати достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозими Ҳиравӣ (1863, Бухоро, хати шикастаи хоно) низ ба қалами Авлиёхони тааллуқ дорад. Ин китоб дар Шуъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ таҳти рақами 1917 маҳфуз аст.

Адабиёт

вироиш