Авлиёқулибек (соли таваллуд ва вафот номаълум) — ҳокими Ҳисор дар даҳаи дуввуми садаи XX. Дар бораи аҳвол, сиёсат ва тарзи ҳукуматдории Авлиёқулибек иттилооти кофӣ нест. Дар ибтидои аморати амир Олимхон Авлиёқулибек вазифаи парвонабегиро бар уҳда дошт. Сипас соли 1911 Авлиёқулибек беки Ҳисор таъйин шуд ва то соли 1915 ҳукмронии навоҳии Ҳисор, Қаротегин ва Бухорои Шарқиро бар уҳда дошт.

Авлиёқулибек

Сарчашма

вироиш