Авлод ( илм дар ботаника) — категорияи таксономӣ дар ботаника ва зоология, ки намуди рустанӣ ё ҳайвоноти аз ҷиҳати генетикӣ наздикро дар бар мегирад. Масалан, ҳамаи намудҳои ҷав авлоди ҷав ва ҳамаи намудҳои суғур авлоди суғурро ташкил медиҳанд. Ҳар як Авлод бо як калима (ном), масалан, Авлоди гурба (Felis) нишон дода мешавад. Авлод метавонад як ё якчанд намудро дар бар гирад. Авлодҳои ба ҳамдигар наздик ба оила муттаҳид мешаванд. Номи илмии Авлодро бо як калимаи лотинӣ ишора мекунанд.

Сарчашма

вироиш