Аврангобод (Шаблон:Lang-mr औरंगाबाद, англ. Aurangabad, ҳиндӣ: औरंगाबाद аз форсӣ ва урду: اورنگ‌آباد) — шаҳр дар штати Махараштраи Ҳиндустон. Масоҳаташ 196 км2. Аҳолиаш 1414918 нафар (2006). Маркази сайёҳӣ, илму маърифат ва саноат. Аврангобод солҳои 1604 – 10 дар ҷойи деҳаи Ҳоҷӣ Малик Амбар бунёд ёфтааст.

Шаҳр
Аврангобод

Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-en-in" does not exist.
Bibi ka Maqbara.JPG
Кишвар Ҳиндустон
Координатаҳо 19°52′48″ с. ш. 75°19′12″ в. д.HGЯO
Коди телефон 240
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Аврангобод дар харитаи
Аврангобод
Аврангобод

ТаърихВироиш

То соли 1681 Фотеҳпур ном дошт. Соли 1681 шоҳ Аврангзеб онро пойтахти давлати худ интихоб намуд. Баъди вафоти ӯ шаҳр Аврангобод ном гирифт. Аврангобод маркази истеҳсоли матоъҳои пахтагин ва шоҳӣ буда, айни замон бо истеҳсоли рӯсариҳо (сари) машҳур аст. Дар Аврангобод ҳамчунин металлургияи сиёҳ, истеҳсоли маводи доруӣ ва нӯшокиҳо ба роҳ монда шудааст. Нақлиёти асосӣ – автобус ва авторикша. Шаҳр аэропорт (барои хатсайрҳои дохилӣ) ва роҳи оҳан дорад. Ёдгориҳои фарҳангию меъморӣ: Мақбараи Биби-Ка (оромгоҳи ҳамсари Аврангзеб), Мағораи Аврангобод, Дарвозаҳои Аврангобод (Бхадкал, Диллӣ, Рангин, Каткат, Рошон, Барапулла, Пайтхан, Кала) ва ғайра.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш