Аврод Бурҳонов
Аврод Бурҳонов (24 сентябри 1934, ноҳияи Ғарм — 4 августи 2014, ноҳияи Рашт) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1963).
Таърихи таваллуд | 23 сентябр 1934 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ғарм |
Таърихи даргузашт | 4 август 2014 (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Рашт |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1963) |
Зиндагинома
вироишБа гурӯҳи истеъдодҳои худрӯй дохил аст, дар мактаби махсуси сарояндагӣ нахондааст. Аз қадамҳои нахустин эҳсос кард, ки беҳтарин бунёд эҷодиёти халқ аст, навои дар заминаи созҳои халқӣ пайдошуда умри дароз хоҳад дид. Аз соли 1955 дар хонаи маданияти ноҳияи Ғарм фаъолият намуда, аз мактаби овозхонони гузашта эҷодкорона сабақ гирифт ва сабкашро дарёфт, ба мартабаи баланди ҳофизӣ расид. «Ёри булбул», «Нақши девор», «Ҳавои ишқ», «Ғусса хурдам», «Таскини дил», «Нағмаи дутор», «Интизорам», «Муждаи васл», «Эй ошиқон», «Доғи ҷудоӣ», «Пайкони қисмат», «Вафо», «Ваъдаи аввал», «Сарви чаман», «Чӣ меравӣ», «Метавон гуфтан», «Осмон», «Гули умед» аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор меравад.
Ҷоизаҳо
вироишБо ду Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.