Ноҳияи Рашт
Ноҳияи Рашт (форсӣ: ناحیۀ رشت) — яке аз калонтарин ноҳияи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.
Ноҳияи маъмурӣ | |
русӣ: Гармский район | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | НТҶ |
Шомили | 2 шаҳрак, 12 ҷамоати деҳот |
Маркази маъмурӣ | Ғарм |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 10 марти соли 1931 |
Масоҳат | 5346,9 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 131 100[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | GA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.RR.GA |
Коди телефон | +992 3131 |
Нишонаи почта | 734060 |
Домени интернет | .tj |
Коди мошинҳо | TJ08 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ин ноҳия 10 марти соли 1931 бо номи ноҳияи Ғарм дар бахше аз вилояти Ғарм таъсис ёфта аст. Аз 27 октябри соли 1939 то 24 августи 1955 ин ноҳия бахши марказии вилояти Ғарм буд.
Бар асоси Қарори № 190 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001 ноҳияи Рашт номида шуд.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Ғарм аст, ки 185 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канораи рӯди Сурхоб ҷой дорад.
Ҷойгоҳ
вироишНоҳияи Рашт дар водии Рашт ҷойгир аст. Дар шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, дар шарқ — бо ноҳияи Лахш, дар ҷануб — бо ноҳияи Тоҷикобод, ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Сангвор, дар ғарб — бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.
Ин ноҳияи 5346,9 км² масоҳат дорад. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рашт ба ҷанубу ғарби он рӯди Сурхоб гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.
Мардум
вироишДар соли 1939 ноҳияҳои Шулмак (14383 нафар) ва Ғарм (27290 нафар) дар якҷоягӣ 41673 нафар аҳолӣ доштанд, ки аз онҳо 40306 нафарашон (ё 96,7%) тоҷикон ва 874 нафар (ё 2,1%) русҳо буданд.
Бино бар саршумори соли 2016 дар ноҳияи Рашт 116 600 нафар зиндагӣ мекунад[2]. Мардуми ноҳияи Рашт ҳама тоҷикон ва худро ғармӣ (яке аз субэтносҳои тоҷикон) мегӯянд ва порсигӯ ҳастанд ва пайрави дини ислом (суннӣ ва ҳанафӣ) ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
Сол | 1992 | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
64,0 | 106,5 | 108,9 | 111,2 | 113,7 | 116,6 | 119,5 | 122,3 | 125,4 | 127,4 | 129,1 | 131,1 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Рашт Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузории ноҳияи Рашт — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз ҷониби мардуми ноҳияи Рашт ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Бахшҳои идорӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рашт 2 шаҳрак (Ғарм ва Навобод) ва 12 ҷамоат дорад.
Ҷамоат | Аҳолӣ |
---|---|
Ғарм, шаҳрак | 9014 |
Навобод, шаҳрак | 5700 |
Асаалон | 4911 |
Ҷафр | 8042 |
Қалъаи Сурх | 18267 |
Қалъанак | 11637 |
Нусратулло Махсум | 15449 |
Навдӣ | 18899 |
Оби Меҳнат | 2890 |
Раҳимзода | 14280 |
Тагоба | 6746 |
Ҳиҷборак | 6765 |
Ҳоит | 8686 |
Ясмон | 6402 |
Шахсиятҳои маъруф
вироишАрбобони сиёсӣ Нусратулло Махсум, Мунаввар Шогадоев, Мирзо Раҳматов, Сайдулло Хайруллоев, Ориф Бобоҷонов. Арбобони фарҳанг Боқӣ Раҳимзода, Зафар Нозимов, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов ва ғ.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 18 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.