Авсамад Ҳайдаров
Муродалӣ Ашӯралиев — омӯзгор, олим, номзади илмҳои педагогӣ (2012), дотсент.
Ҳайдаров Авсамад Алифбекович | |
Таърихи таваллуд | 1 октябр 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика (2012) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1981-1986) |
Ҷоизаҳо | Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ (1988), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) |
Зиндагинома
вироишАвсамад Ҳайдаров 1 октябри 1961 дар деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1986 факултети шарқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1986-1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмати ҳарбиро адо намудааст. Солҳои 1988-1991 ба сифати дастурдиҳандаи(инструктори) калони Раёсати ҷумҳуриявии ҷамъияти “Китоб” кор кардааст. Аз соли 1991, аввал ба сифати ассистент ва баъдан, аз 1994 то 2004 ба вазифаи муаллими калон дар кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода фаъолият доштааст. Аз соли 2004 то 2012 ба сифати муаллими калони кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ва аз соли 2013 то имрӯз ба ҳайси мудири кафедраи мазкур кор намуда истодааст.[1].
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 2012 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯъи «Андешаҳои ислоҳотпарастонаи Аҳмад Махдуми Дониш дар дигаргун сохтани низоми таълиму тарбия дар Аморати Бухорои асри XIX” ҷамъбаст намуда,[2] рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили таърихи педагогика, педагогика ва таҳсилот равона шудааст.
Осор
вироишҲайдаров Авсамад муаллифи бештар аз 50 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография мебошад.
Китобҳо (Монографияҳо)
вироиш- Афкори педагогии Аҳмад Махдуми Дониш (монография)/Ҳайдаров А.А.- Душанбе: Ирфон, 2011. - 160 с.
- Асосҳои назариявии афкори ислоҳотпарастонаи Аҳмади Дониш дар дигаргунсозии низоми маориф дар Аморати Бухорои охирҳои асри XIX ва
аввалҳои асри XX (монография)/Ҳайдаров А.А..- Душанбе: Ирфон, 2014. - 187 с.
Китобҳои дарсӣ
вироиш- Дастури методӣ аз фанни фарҳангшиносӣ” (Барои донишҷӯёни макотиби олӣ)/Ҳайдаров А.А. -Душанбе: Ирфон, 2010.- 80 с.
- Фарҳангшиносӣ(дастури таълимӣ – методӣ барои мактабҳои олӣ)/ Ҳайдаров А.А. -Душанбе: Ирфон , 2014.- 106 с.
- Педагогика(дастури таълимӣ – методӣ барои мактабҳои олӣ)/ Ҳайдаров А.А. -Душанбе: Ирфон, 2015.- 158 с.
Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо
вироиш- Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ (1988)
- Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон(2013)
Пайвандҳо
вироиш- Сомонаи расмии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2018 сол.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забон: ба ҳайси мудири кафедра дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат. dsx.tj. 18 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 сентябри 2016.
- ↑ Реформаторские взгляды Ахмада Дониша в обновлении системы образования в Бухарском эмирате : XIX и начало XX веков. www.dslib.net. 18 марти 2018 санҷида шуд.