Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) — минтақаи таърихист, аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Ванҷ
Ноҳияи Ванҷ
38°22′23″ а. шим. 71°27′19″ т. ш.HGЯO
Кишвар Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шомили 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Ванҷ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 29 маи 1933
Масоҳат 4430,5 км²
Баландӣ
  • · Миёна


  • 3000 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 34 100 [1] нафар нафар (2019)
(4,8 %)
Баҳодиҳии аҳолӣ  (2019)
Зичӣ 7,7 нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмон, суннӣ, мазҳаби ҳанафӣ
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ, Забонҳои бадахшонӣязғуломӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа VA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.VA
Коди телефон +992 3551
Нишонаи почта 736300
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 04 TJ
www.vanjiman.com
Ноҳияи Ванҷ дар харита
Commons-logo.svg Садо, тасвир ва видео дар Викианбор

Ҳамчун ноҳияи расмии маъмурии ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو‎) аст, ки 176 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарв дар Ванҷоб ҷой дорад.[2]

ҶойгоҳВироиш

Ноҳияи Ванҷ бо сарзамине 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷануб бо Ноҳияи Моимаии вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язғулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.

Сарзамини ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад ки дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст ки беш аз 150 км дарозо дошта аз пиряхҳои “Ҷамъияти ҷуғрофӣ”, Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифта аст. Баландии водӣ аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.

Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст.

Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км, то шаҳри Душанбе 387 км. аст.

ТаърихВироиш

Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназада аст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ як далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд.

Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна, Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истехроҷи оҳан ва гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша, манотиқи муҷовирро бо оҳан ва зуғомҳои хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ ва корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.[3].

Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 мелодӣ навишта аст, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд: «Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»[4].

Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд.

Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд ва Дарвозро бекигарӣ ва Қалъи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлолияти худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.

Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд[5].

Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарво зи аморати Бухоро буд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон аз cоли 1920 то 1924 чун тумони Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳури Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт.

Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумони Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт.

1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВАБК (ВМКБ) буд.

1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.

Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт.

Дар асоси Қарори Президиуми КИМи Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язгулом расман ба ҳайати ҳудудии ВАБК (ВМКБ) гузаронида шуд.

Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 августи соли 1937 таъсис ёфтааст.

МардумВироиш

 
Тақсимоти идории ВМКБ

Бино ба омори соли 1992, аҳолии Ванҷ  22,700 нафарро ташкил медод.  

Соли 2011 - 30,800 нафар.

Соли 2012 - 31,100 нафар.

Соли 2013 - 31,300 нафар.

Соли 2014 - 31,700 нафар.  

Соли 2015 - 31,900 нафар.  

Соли 2016 - 32,400 нафар.

Соли 2017 - 32,900 нафар.

Соли 2018 - 33,600 нафар.    

Бар пояи омори соли 2019 аҳолии Ванҷ ба 34,100 нафар расида аст ва зичии аҳолияш 7,7 кас/км² буд[1].  

Аҳолии ноҳия тоҷикон ва аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.  

ЗабонВироиш

Мардуми Ванҷ бо гӯиши дарвозии забони порсӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бо яке аз забонҳои помирӣ, забони язғуломӣ ҳарф мезаданд.

Лаҳҷаи дарвозии забони порсӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш меёбад ва забони бумии помириро, ки бо номи Ванҷӣ маъруф буд дар поёни ин аср маҳв мекунад. Забони Ванҷӣ наздиктарин хеши забони Язгуломӣ буда ба гурӯҳи "шимолии" забонҳои помирӣ дар қатори Язгуломӣ, Рушонӣ, Шуғнонӣ ва Сарикулӣ ки дар ноҳияи Мурғоб ва Сарикули Чин роиҷ аст дохил мешуд.

БахшбандӣВироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти идории кишвар, ноҳияи Ванҷ 6 ҷамоат дорад[6]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
Ҷамоат Аҳолӣ Рустоҳо
Ванҷ (ҷамоат) 10983 Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Пайшамбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
Водхуд 2178 Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
Жовуд 4201 Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго.
Рованд 5573 Ширговад, Ғиҷоваст, Мудехарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
Техарв 3401 Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
Язғулом 6065 Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбак, Жамаг

ҲукуматВироиш

Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад.

Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ванҷ - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ванҷ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  2. Ванчский район
  3. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  4. Гулшанӣ, «Таърихи ҳумоюн». Душанбе, 2006. - с.157
  5. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  6. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.

МанобеъВироиш