Автогенез
Автогенез (аз авто… ва юнонӣ genesis – пайдоиш) — таълимоте, ки эволютсияи (таҳаввули) организм (инкишофи олами органикӣ)-ро фақат аз таъсири омилҳои дохилӣ (чун раванди новобаста ба шароити беруна) вобаста медонад. Автогенез дар назарияи Ж. Б. Ламарк ба мушоҳида мерасад. Ғояи автогенезро бештар олимони зоолог К. Бэр, А. Келликер, Л. С. Берг, ботаникҳо К. Негели ва С. И. Коржинский, палеонтолог Э. Коп, генетикҳо Х. де Фриз ва Ю. А. Филипченко тарғиб мекарданд. Аз рӯи консепсияи Автогенезӣ мавҷудоти зинда хусусияти пешакӣ маълум ва бомақсад дорад. Автогенез хилофи назарияи интихоби табиӣ аст. Автогенезро Ч. Дарвин, А. Вейсман, К. А. Тимирязев танқид карданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.