Автолиз
Автолиз, аутолиз (аз юн.-қад. αὐτός — худ ва λύσις — вайроншавӣ, таҷзия) — худ аз худ вайрон шудани бофтаҳои ҳайвонот, рустанӣ ва микроорганизмҳо.
Ҳангоми автолиз аз таъсири ферментҳои гидролизии ҳуҷайра сафедаҳо, карбогидратҳо ва чарбҳо таҷзия мешаванд. Дар организмҳои зинда автолиз дар қисмҳои мавтгашта ва ҳуҷайраҳои омоси саратонӣ ба мушоҳида мерасад. Дар рустаниҳо автолиз дар натиҷаи аз ҳарорати паст мавт гаштани ҳуҷайраҳо, зери таъсири моддаҳои заҳрнок (хлороформ, толуол ва ғайра), хушкидан, инчунин ҳангоми осеб ёфтани бофтаҳо ба амал меояд. Автолиз ҳангоми пӯсидани ҷасад низ рӯй медиҳад. Автолизи ҳуҷайраҳои микроб бинобар аз омилҳои физикавӣ, химиявӣ ва биологӣ осеб дидани микроорганизмҳо ба амал меояд. Автолиз инчунин дар мавриди баъзе амалиёти технологӣ, масалан, ферментатсияи тамоку, чой, тайёр кардани силос ва ғайра рух медиҳад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.