Автомакс — навъе аз асбобҳои дорупошӣ. Барои дезинсексия ва дезинфексия истифода мебаранд. Автомакс чанд хел мешавад: ОРП, ОРП-А, ОРП-В, ОРП-Г. Автомакси ОРП аз доругирак, насос, рӯдаи резинӣ (дар нӯгаш дорупошак дорад) ва тасма иборат аст. Доругирак устувонашакл буда, дар дарунаш насос дорад, ки он аз боло бо мурват устувор карда шудааст. Дар сарпӯш манометр (барои назорат кардани фишор) ҷой гирифтааст. Дар зери доругирак штутсер ҳаст, ки рӯдаи резинӣ ба он пайваст карда мешавад. Доругирак аз паҳлу барои назорат кардани дору сӯрохӣ дорад. Ҳангоми поён кардани насос ҳаво ба клапан фишор оварда, ба доругирак мегузарад. Барои ба кор омода сохтани автомакс насосро аз доругирак ҷудо карда, то сӯрохии назоратӣ дору мерезанд. Баъд насосро ба ҷояш монда, мурвати онро сахт ва автомаксро бо ҳаво пур мекунанд. Барои кори автомакс 2 – 3 атм. ҳаво кофист. Барои ин миқдор ҳаво насосро тақрибан 100 маротиба дам мекунанд. Автомаксро дар тахтапушт гирифта кор мефармоянд. Автомакс барои ба дарахтони мева пошидани доруҳои гуногун хеле мувофиқ аст. Асосан дар қитъаҳои хурд кор фармуда мешавад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш