Автомобилист (варзишгоҳ)

«Автомобилист» — варзишгоҳи Шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъияти варзишии иттифоқҳои касаба. Соли 1969 дар шаҳри Душанбе кушода шуд. Масоҳаташ умумиаш 3, 6 га. Майдони алафпӯши футбол (105 х 72 м), нишастгоҳ барои 200 ҷой, ду майдони машқи футбол (60 х 40 м; барои футболи хурд истифода кардан мумкин аст), роҳи чорхатаи асфалтпӯш барои давидан, бахшҳои ҷаҳидан, майдонҳои волейболу баскетбол, ҷойи либоскашӣ, маркази барқароркунии саломатӣ, сауна дорад. Дар «Автомобилист» аз рӯйи намудҳои мухталифи варзиш мусобиқаҳо доир мегарданд, инчунин бо гурӯҳи «Тандурустӣ» ва коллективи Мактаби варзишии бачагону наврасон корҳои таълимиву машқдиҳӣ мегузаронанд. Дар як рӯз ба 400 нафар хидмат мерасонад.

Сарчашма

вироиш