Авторадиография
Авторадиография — радиоавтография, тарзи фотоэмулсионии тақсимоти моддаҳои радиоактив дар объекти тадқиқшаванда. Фотоэмулсияи ба нурҳои радиоактив ҳассосро дар рӯи объект молида муддати муайян мегузоранд. Моддаҳои радиоактиви таркиби объект гӯё тасвирашонро дар эмулсия худашон сабт мекунанд. Аз ин ҷост, ки равандро авторадиография номидаанд. Тасвири фотографии тақсимоти моддаҳои радиоактивро дар объекти тадқиқшаванда, ки бо усули авторадиография ҳосил карда мешавад, авторадиограмма ё радиоавтограф меноманд. Барои муайян кардани тақсимоти моддаҳои радиоактив дараҷаи сиёҳшавии фотонаворҳои объекти тадқиқшаванда ва намунаи эталониро муқоиса мекунанд (макрорадиография) ё адади изҳои дар фотоэмулсия гузоштаи зарраҳои ионзоро ба воситаи микроскопи оптикӣ ё электронӣ мешумуранд (микрорадиография). Усули авторадиографияро дар ҳама мавридҳои истифодаи индикаторҳои изотопӣ (дар физика, техника, биология, тиб, кишоварзӣ ва ғайра) татбиқ менамоянд. Усули мазкур на фақат дар таркиби объект чӣ хел ҷойгиршавии радиоизотопҳоро муқаррар мекунад, балки барои муайян кардани миқдори онҳо низ имкон медиҳад, зеро ададҳои донаҳои барқароргардидаи нуқраи таркиби эмулсия мутаносиб мебошанд. Авторадиография имкон медиҳад, ки дар бораи миқдори элементҳои радиоактиви таркиби намунаҳои маъданӣ, тақсимот ва ҳаракати элементҳои радиоактиви табиӣ дар бофтаҳои организми набототу ҳайвонот ва ғайра маълумоти аниқ ба даст оварда шавад. Масалан, истифодаи фосфори радиоактив ва авторадиография имкон дод, ки дар устухони сабзидаистода мавҷуд будани мубодилаи фаъоли моддаҳо муқаррар карда шавад; корбасти радиоиод ва Авторадиография баҳри аниқ намудани қонуниятҳои фаъолияти ғадуди сипаршакл мусоидат кард ва ғайра.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.