Автотомия (аз авто… ва юнонӣ tome – партофтан) — аутотомия, беихтиёр партофтани пой, дум ва дигар узвҳои бадан, ки дар ҳайвонот бинобар якбора ба ангезиш омадан, масалан, ҳангоми задухӯрд бо дарандаҳо, рух диҳад. Истилоҳи «автотомия»-ро физиологи белгиягӣ Л. Фредерик (1883) ба илм ворид намудааст. Автотомия хоси ҷонварони бемуҳра мебошад. Баъзе полипҳо ва актинияҳо – ҳассосак, немертинҳо ва ҳалқакирмҳо – қисми охири бадан, лилияҳои баҳрӣ ва ситораҳои обӣ – сӯзанҳои тана, нармбаданҳо – гӯшмоҳӣ, харчангшаклон – чангол ва пояшонро мепартоянд. Автотомия аксуламали муҳофиз буда, асоси онро раванди рефлексӣ ташкил медиҳад. Масалан, дар калтакалосҳо автотомияро маркази асаб (воқеъ дар ҳароммағз) идора менамояд, вале ҳолати партофтани дум бошад, дар натиҷаи якбора кашиш хӯрдани мушаки он қитъаи сутунмуҳра, ки лавҳачаи тағоякии кӯндаланг ҷойгир аст, рух медиҳад. Автотомия, одатан, ба регенератсия вобаста аст.

Сарчашма

вироиш