Муҳаммад Авфӣ

(Тағйири масир аз Авфӣ)

Нуриддин Муҳаммад Авфӣ ибни Тоҳир ибни Усмони Бухороӣ (1171[1], Бухоро1242[1], Деҳлӣ) — тазкиранигор, нависанда, шоир, адабиётшинос, файласуф ва мантиқдони форс-тоҷик.

Нуриддин
Нуриддин Муҳаммад Авфӣ
Номи пурра Нуриддин Муҳаммад Авфӣ ибни Тоҳир ибни Усмони Бухороӣ
Таърихи таваллуд: 1171[1]
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт: 1242[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: муаррих, нависанда
Забони осор: порсӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар зодгоҳаш — Бухоро таҳсили ибтидоиро гузаронда, сипас ба омӯзиши илмҳои адаб, фиқҳ, ҳунари хаттотӣ ва ғайра машғул шуд. Солҳои 1201—1203 дар Самарқанд зиста, дар дарбори ҳокими ин шаҳр то ба мансаби соҳиби девони иншо расид. Авфӣ дар Самарқанд аз донишмандони замон Абубакри Насафӣ ва Шамсуддини Боқилонӣ сабақ гирифт. Соли 1203 ба сафар баромад. То соли 1219 дар шаҳрҳои Марв, Хоразм (1203), Ҳирот, Нисо (1206), Систон (1207), Нишопур (1210), Қазвин, Исфизор ва дигар ҷойҳо буду бош намуд, донишу таҷрибаи зиндагӣ андӯхт.

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Соли 1219 ба Бухоро баргашт. Дар охири соли 1221 ба Мовароуннаҳр муғулҳо ҳуҷум намуданд. Авфӣ бо мақсади раҳо ёфтан аз теғи муғул ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Дар вилояти Синд ба хидмати Носируддини Қубоча (ҳукумрони 1206—1228) дохил шуд; бо вазири ӯ Айнулмулук Фахруддин дӯстиву рафоқат пайдо намуд. Бо хоҳиши Айнулмулук дар байни солҳои 1221—1222 Авфӣ тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-ро навишт. Дар шаҳри Канбояти Ҳиндустон муддате қозӣ буд ва дар он ҷо соли 1223 асари Абуалии Танукӣ (асри 10) «ал-Фараҷ баъд уш-шидд»-ро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума кард. Бо хоҳиши Носируддини Қубоча ба навиштани асари дигари худ «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» сар кард. Ҳокимияти Носируддин соли 1228 барҳам хӯрд ва Авфӣ дар қатори дигарон дарбориён ба ихтиёри ҳокими Деҳлӣ Шамсуддин Илтутмиш (ҳукмронӣ 1211—1236) афтод. Бо хоҳиши вазири ҳокими номбурда Низомулмулки Ҷунайдӣ навиштани «Ҷавомеъ-ул-ҳикоят»-ро идома дод ва онро соли 1233 ба итмом расонд. Инчунин Авфӣ дар пайравӣ ва вазни «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат»-и Саноӣ «Мадоеҳ-ус-султон» ном маснавие навишта будааст, ки он то ҳол пайдо нагардидааст. Ду байт аз ин маснавӣ дар боби 12-уми «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт» омадааст. Оид ба ҳаёт ва эҷодиёти минбаъдаи Авфӣ дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ маълумоти дигар ба назар намерасад. Аз осори манзуми Авфӣ пораҳои қасоид, ғазалҳо ва абёти пароканда ба тавассути тазкираҳо то замони мо расидаанд.

Абёти зерин аз ӯст:

Соҳибо, қиссаи доӣ ба карам асғо кун,
Ки масал гашт кунун қиссаи ӯ дар афвоҳ…
Муддате умр баромад ба ҳусули ағроз,
Ҳамчу дарбони гарон мӯътакифи ҳар даргоҳ.
Рангу бӯи карам аз кас чу надиду нашунид,
Бо чунин туҳфа ба дарбори ту овард паноҳ.
Зоти ӯҳаст наботе, ба карам обаш деҳ,
Чу шавад тоза пас аз вай самари тоза бихоҳ…
  • Гулчини «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт», Д., 1966;
  • Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ул-ривоёт, Т., 1335 ҳ. ш.;
  • Қиссаҳои Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт, Т., 1386 ҳ. ш.;
  • Лубоб-ул-албоб, Лейден, 1903.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш