Авчинтеппа
Авчинтеппа (Обчинтеппа) — ёдгории қадима, маркази яке аз воҳаҳои Марғиёни Қадим дар қисми шарқии резишгоҳи дарёи Мурғоб (Туркманистон). Ба нимаи дуюми ҳазорсолаи дуюми то мелод тааллуқ дорад. Масоҳаташ 150 х 100 м. Девори ҳимоявии он 12 бурҷ дорад. Авчинтеппа аз хишти хом сохта шудааст. Аз қалъа ва қабрҳои он ҷо асбоби гуногуни қиматбаҳо ёфт шудаанд. Дар қатори бозёфтҳо зарфҳои сафолии дар чархи кулолӣ тайёр кардашуда, миҷмарҳои сангин, нӯгҳои найза, дастпонаҳои мисин ва ғайра ҷолиби диққатанд. Бозёфтҳои Авчинтеппа дар омӯзиши таърихи қабилаҳои Маданияти Бохтар аҳамият доранд. Бошандагони авҷитеппа ва деҳаҳои атрофи он кишоварзу чорводор ва аз нажоди ориёӣ буданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.