Авҳадии Мароғаӣ
Авҳадуддин (ё Рукнуддин) ибни Ҳусайни Авҳадии Мароғаӣ (Исфаҳонӣ; 1271, Мароға, Устони Озарбойҷони шарқӣ — 1338[1], Мароға, Устони Озарбойҷони шарқӣ) — мутафаккири мутасаввиф, ориф ва шоири форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1271 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1338[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш илмҳои замонашро омӯхта, ба касби илми ҳикмату ирфон пардохт. Дар фиқҳ ба мазҳаби шофеӣ майл дошт. Аз ҷавонӣ ба сафар шавқманд буд ва мувофиқи маълумоти ҳамзамононаш сафарҳои бисёре ба Бағдод, Димишқ, Ҳамадон, Исфаҳон ва дигар шаҳрҳо кардааст. Авҳадии Мароғаӣ роҷеъ ба мусофиратҳои худ дар осораш низ ишораҳо намудааст. Поёни умри худро дар зодгоҳаш гузарондааст.
Осори илмӣ
вироишОсори Авҳадии Мароғаӣ аз девон, ду манзума бо номҳои «Ҷоми Ҷам» ва «Даҳ нома» ё «Мантиқ-ул-ушшоқ» иборат мебошад. Бино ба қавли Абдулҳусайни Зарринкӯб «Даҳ нома» ба яке аз набераҳои Насируддини Тусӣ эҳдо шуда, он паёми ошиқонаи хаёлиест, ки байни ошиқи беном ва маъшуқи бенишон радду бадал шудаанд. Ин манзума аз 513 байт иборат буда, бо сабку шеваи Низомию Фахруддини Гургонӣ иншо шудааст. Девони Авҳадии Мароғаӣ шомили қасида, ғазал, рубоӣ буда, ғазалҳояш содаву латофати хос доранд ва тарзи нигориши ғазалҳои Саъдию Саноӣ ва Ироқиро ба ёд меоранд. Афкори ахлоқию ирфонии мутафаккир дар «Ҷоми Ҷам» гирд оварда шудаанд. Дар он ҳикмати амалии суфия баръалоина намудор аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
Адабиёт
вироиш- Авҳадии Мароғаӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.