Фахруддин Муставфӣ Авҳади Сабзворӣ (форсӣ: فخرالدین اوحد سبزواری‎; 1384, Сабзвор — 1463, ҳамон ҷо) — шоир ва матншиноси форс-тоҷик.

Фахруддин Муставфии Авҳад
Номи пурра Фахруддин Муставфии Авҳад Сабзворӣ
Таърихи таваллуд: 1384(1384)
Зодгоҳ: Сабзвор
Маҳалли даргузашт: 1463
Навъи фаъолият: шоир, матншинос

Зиндагинома

вироиш

Дар зодгоҳаш таҳсил карда, чун донандаи илмҳои тиб, иншо, таърих, сарфу наҳв, риёзиёт ва ғайра шуҳрат ёфта буд. Дар сарчашмаҳои адабӣ Авҳад чун шоири соҳибдевон ёд шудааст. Қасидаҳо, ғазалиёт ва қитъаҳои ӯ дар байни аҳли адаб шуҳрат доштанд. Алишери Навоӣ аз суҳбати Авҳад файз бардоштааст. Авҳад бо Амир Шоҳии Сабзворӣ робитаи дӯстӣ дошта, худро шогирди ӯ медонистааст. Авҳад дар китобхонаи шахсии худ зиёда аз 1 ҳазор ҷилд китобҳоро ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабӣ гирд оварда буд. Ин китобҳоро бо нусхаҳои аслу муътабар муқобала карда, бо хати худаш ба онҳо ислоҳ даровардааст. Ашъори боқимондаи Авҳад гувоҳи табъи баланди шоирии ӯянд:

Эй зи бӯстони ҷамолат чашму ҷонро зебу зайн,
Гашта бар наргис ҳаводории чашмат фарзи айн.

Сарчашма

вироиш