Авҷ
Авҷ — 1) қисми баландтарини лаҳнӣ ва садодиҳии асари мусиқӣ. Қисмати асари мусиқиро, ки дар зинаҳои мобайнӣ садо медиҳад, «Авҷи миёна», дар мақомҳо «миёнхат» ва агар дар зинаҳои болоӣ садо диҳад, «Авҷи калон» меноманд. Авҷ қисми ҳассостарини асари мусиқӣ ва маҳаки асосии маҳорати иҷрокунанда ба ҳисоб меравад. Авҷ дар банду басти асари мусиқӣ (даромад, нимавҷ, авҷ, фуровард, хотима) дар байн омада, пардаҳои баландтаринро дар бар мегирад. Вобаста ба сохти асари мусиқӣ авҷ метавонад 2 – 3 маротиба такрор ёбад. Нуқтаи олии асарҳои мусиқии классикӣ авҷи «Дунаср» (Авҷи калон) мебошад. Ғайр аз ин боз «Авҷи Турк» ва «Авҷи Зебопарӣ» маъмуланд; 2) гӯшаи мусиқӣ дар мақоми «Ушшоқ»-и «Дувоздаҳмақом». Мувофиқи маълумоти «Баҳҷат-ур-рӯҳ» Авҷ дорои як бонг (бӯъди пурра) аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишномаи Шашмақом, 2009.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.