Авҷии Натанзӣ
Авҷии Натанзӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (охири садаи XVI – ибтидои садаи XVII).
Номи пурра | Авҷии Натанзӣ |
---|---|
Зодгоҳ: | Эрон |
Навъи фаъолият: | Шоир |
Зиндагинома
вироишДар Исфаҳон таҳсил ва ба шеъргӯӣ оғоз карда, чун шоири боистеъдод шуҳратёр гардид. Дар дарбори ҳокими Хуросон Ҳасанхон (ҳукмронӣ 1618 – 1640) хидмат кардааст. Дар охири умр хидмати дарборро тарк карда, ба зодгоҳаш баргашт ва дар фақру нодорӣ аз олам даргузашт. Аз Авҷи Натанзӣ девони ашъор иборат аз 10 ҳазор байт (қасидаҳо, ғазалиёт, рубоиёт, таркиббанду тарҷеъбанд, қитъаҳо) боқӣ мондааст. Мавзӯи ашъораш мадҳ, шикоят аз замона, васфи ишқу муҳаббат мебошад. Абёти зерин аз ӯст: Зи дасти толеи бад меравам зи шаҳр ба шаҳр, Чу бадқимор, ки тағйир медиҳад ҷоро.
- * *
Соғар ба ғайр доду зи рашкам хароб сохт, Оташ ба дигаре заду моро кабоб сохт.
- * *
Карам гулест, ки дар боғи худнамоӣ нест, Карими сохта будан кам аз гадоӣ нест.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.