Авҷ, деҳа
Авҷ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ишкошими ноҳияи Ишкошим. Аз Авҷ то маркази ноҳия 25 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 25 нафар (2009), тоҷикон. Дар Авҷ оби шифобахши нодир барои табобати чашм мавҷуд буда, шифохона амал мекунад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ. Заминҳо аз оби чашма обёрӣ мешаванд.
Авҷ | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Мухтори Куҳистони Бадахшон |
Ноҳия | Ишкошим |
Ҷамоат | Ишкошим |
Масоҳат | Аз Авҷ то маркази ноҳия 25 км. |
Аҳолӣ | Аҳолиаш 25 нафар. |
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.