Агглютинатсия (забоншиносӣ)
Агглютинатсия — дар забоншиносӣ тарзи калимасозӣ ё ба вуҷуд овардани шаклҳои нав бо роҳи ба асос ё решаҳои тағйирнаёбанда ҳамроҳ сохтан ё пайвастани вандҳо (аффиксҳо).
Вандҳо паси ҳам тибқи силсилаи дараҷаашон меоянд. Масалан, дар забонҳои туркӣ ба ҳиссаи номӣ аввал вандҳои шакли ҷамъ, баъд вандҳои соҳибӣ ва ҳолат (падеж) мепайванданд: тоғларда, ӯйларда, далаларда (дала-лар-да). Дар забони ӯзбекӣ – тоғ (кӯҳ), ӯй (хона), дала (саҳро) – лар (пасванди ҷамъбандӣ), – да – ҳолати ифодакунандаи маънои макон мебошад. Дар натиҷаи ба ҳамдигар ҳамроҳ шудан маънои «дар кӯҳҳо, дар хонаҳо, дар саҳроҳо» пайдо мегардад. Барои забонҳои агглютинативии мисли туркӣ ва банту низоми ташаккулёфтаи калимасозӣ ва тағйири калимаҳо ба воситаи вандҳо, надоштани вобастагии фонетикии алломорфӣ, намуди умумии тасрифӣ, ҳаммаъноии сарфу наҳвии вандҳо, дорои маънӣ набудан зимни табдилёбӣ хос аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Лингвистический энциклопедический словарь, М., 1990;
- Ҳусейнов Х., Шукурова К., Луғати терминҳои забоншиносӣ, Д.,1983;
- Серебренников Б. А., Причины устойчивости агглютинативного строя и вопрос о морфологическом типе языка, дар кит. Морфологическая типология и проблемы классификации языков, М.–Л., 1965;
- Баранникова Л. И., Введение в языкознание, Саратов, 1973.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.