Агнозия
Агнозия (аз a – ҳиссачаи инкорӣ ва юнонӣ gnosis – дониш, маърифат) — дуруст тасаввур ва дарк карда натавонистани предмет ва ҳодисаҳо, ки дар натиҷаи осеб ёфтани маркази олии асаб (ҳангоми хуншоршавии майна, омос, садамаи мағзи сар ва ғайра) ба амал меояд. Вобаста ба осеби қисмҳои алоҳидаи қишри майна агнозия босиравӣ, сомеавӣ шоммавӣ, ломисавӣ мешавад. Дар мавриди агнозияи босиравӣ ё «нобиноии рӯҳӣ» бемор баъзе аломатҳо (масалан, ранг, шакл)-и ашёро дарк карда тавонад ҳам, худи онро намешиносад; ҷузъиёти барои ашё фаръиро мебинад, вале аломатҳои асосии онро ҷудо ва худи предметро номбар карда наметавонад. Ҳангоми осеб дидани пушт ва фарқи сар бемор наметавонад ҳолати худро дар фазо муайян созад, чапро аз рост фарқ бикунад, самти ҳаракатро ёбад. Дар мавриди агнозияи сомеавӣ ё «гӯшвазнинии рӯҳӣ» қувваи шунавоӣ боқӣ мемонад, вале лаёқати ҷисмҳоро аз рӯи овоз донистан, шинохтан ва фарқ карда тавонистан гум мешавад. Бемор обро аз шилдиросаш ё сагро аз аккос заданаш фарқ карда наметавонад. Ҳангоми агнозияи ломисавӣ бемор ашёеро, ки бо чашми кушода мешинохт, бо чашми пӯшида бо ламс фарқ намекунад. Яке аз шаклҳои махсуси агнозия надонистани ҷисми худ мебошад, ки дар натиҷаи осеби нимкураи рости майна ба мушоҳида мерасад. Бемор андомҳои худро намешиносад, эҳсос мекунад, ки чанд дасту пой дорад. Аз ин рӯ, агнозия ба ихтилоли ҷузъии ҳолати руҳӣ мансуб аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.