Open main menu

Кишоварзӣ

(Тағйири масир аз Аграрӣ)
Tomb of Nakht (2).jpg

Кишоварзӣ, аграрӣ (собиқ мафҳуми хоҷагии қишлоқрусӣ: Се́льское хозя́йство) — соҳаи иқтисодиёт мебошад, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа (хӯрокворӣ, ғизо) ва барои таъмин намудани соҳаи саноат бо ашёи хом хизмат мерасонад. Соҳаи кишаварзӣ (аграрӣ) дар ҳамаи кишварҳо мавҷуд аст. Ба соҳаи хоҷагии аграрии ҷаҳон зиёда аз 1 млрд аҳолии қобиляти корӣ дошта ҷалб карда шудааст. Бо проблемаҳои соҳаи аграрӣ илмҳои гуногун ба монанди агрономия, бойторӣ, мелиоратсия, растанипарварӣ, боғдорӣ ва диг. сару кор доранд. Соҳаи кишоварзӣ тахминан 12 ҳазор сол муқаддам як тарзи меҳнату шуғли инсоният гардида ба пайдоиши хоҷагии истеҳсолӣ ва рушди тамаддуни башар такон додааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш