Аграфия (аз юн.-қад. ἀ- — ҳиссачаи инкорӣ γράφω — менависам) — ихтилоли нутқ, ки дар натиҷаи он бемор қобилияти навиштанро гум мекунад.

Мушоҳидаи беморӣ

вироиш

Аграфия, одатан, дар мавриди суст инкишоф ёфтан ё осеб дидани қисмҳои пасисарӣ ва паси фарқисарии қишри нимкураи чапи майна (дар ростнависҳо) мушоҳида мешавад. Ҳангоми аграфия бемор ё аз ҳарфҳо калима сохта наметавонад ё дар вақти навиштан баъзе ҳиҷоҳоро мепартояд, ё ҷойи онҳоро иваз карда менависад.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Губа Г. П. Справочник по неврологической семиологии. — 2-е изд. — К.. 1983 г. — 520 с.

Сарчашма

вироиш