Агрегати мошину трактор
Агрегати мошину трактор — маҷмӯи техникие, ки аз трактор (манбаи энергия) ва як ё якчанд мошин (олот) иборат буда, онҳо ба ҳамдигар ба воситаи асбобҳои васлгарӣ, системаҳои идора, танзим ва назорат пайваст шудаанд. Агрегати мошину трактор барои иҷрои корҳои кишоварзӣ пешбинӣ гаштааст. Агрегати мошину трактор гуногун мешавад: аз рӯи таъйинот — технологӣ (шудгоркунанда, тухмипош, ҳосилғундор ва ғайра), нақлиётию технологӣ (масалан, нурипош), нақлиётӣ, боркунандаю борфарор; аз рӯи тарзи кор — сайёр, муқимӣ, муқимию сайёр; аз рӯи тарзи ба трактор пайвастан — ядакӣ, нимядакӣ (нимовеза), овеза; аз рӯи миқдори мошинҳои агрегат — якмошина ва бисёрмошина; аз рӯи кор — сода, мураккаб, комплексӣ; аз рӯи ҷойгирии мошин нисбат ба трактор ва меҳвари он — аз пеш, мобайн, қафо, паҳлӯ ва муштарак. Агрегати мошину тракторҳое, ки барои парвариши рустаниҳои каландӣ истифода мешаванд, агрегати мошину трактори нармкунанда ном доранд. Қисмҳои ҳаракат ва кори онҳо ба васеии байни ҷӯякҳо ва баландии зироат мувофиқ аст. Барои шудгор, молакунӣ, кишти зироати ғалладона, нурипошӣ ва ғайра агрегати мошину тракторҳои таъйиноташон умумӣ истифода мешаванд. Муқовимати кашиши мошинҳо (олат, қисмҳои корӣ) дар агрегати мошину трактор бояд ба қувваи кашиши трактор созгор бошад. Агрегати мошину тракторро дар саҳро месанҷанд. Таркиби агрегатҳои трактории нақлиётӣ (адади ядакҳо, вазн ва иқтидори борбардорӣ) вобаста ба самти ҳаракат, дарозӣ, хел ва ҳолати роҳ муайян карда мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣҷорӣ намудани технологияи сермаҳсули парвариши зироатро тақозо менамояд. Агрегати мошину трактор дар соҳаи боғу токдорӣ низ васеъ истифода мешавад. Барои нуриандозӣ, нарм кардани бехи ниҳолҳо, пошидани дору, кашондани меваҷот, токбурӣ, ғундоштани токпилла ва дигар корҳо агрегати мошину тракторҳои махсус вуҷуд доранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Агрегати мошину трактор // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.