Агроаксияи Германия
Агроаксияи Германия (Welthungenhilfe) — созмони байналмилалӣ. Соли 1961 ҳамчун комитети миллӣ бо дастгирии Барномаи СММ оид ба маводи хӯрока ва кишоварзӣ таъсис ёфтааст. Агроаксияи Германия яке аз созмонҳои бузурги ғайридавлатии Германия оид ба расондани кумак ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ мебошад. Агроаксияи Германия созмони ғайритиҷоратӣ, ғайридинӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ мустақил аст. Он аз ҷониби Шӯрои нозирони фахрӣ таҳти сарпарастии Президенти Федералии ҶФГ идора мешавад. Агроаксияи Германия фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои шахсони алоҳида, ширкатҳои хусусӣ ва грантҳои давлатӣ ба роҳ мондааст. Дар Тоҷикистон 18 октябри 1994 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Беш аз 90 лоиҳаи оид ба рушд ва кумакро – дар ҳаҷми 90 млн евро дар кори барқарорсозии бахши кишоварзӣ, таъмини амнияти хӯрокворӣ, омодагӣ барои пешгирии офатҳои табиӣ, роҳандозиву ташкили сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – дар ноҳияҳо ва деҳоти Тоҷикистон амалӣ кардааст. Агроаксияи Германия дар ҳолатҳои фавқулода ба мардум маводи ғизоӣ, сару либос, кӯрпа, оби тозаи ошомиданӣ ва ғайра кумак кард. Кумаки охирин ба мардуми осебдида аз офати табиӣ дар водии Рашт (майи 2009) ва шаҳри Кӯлоб (майи 2010) расонда шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.